×

Ошибка

[SIGPLUS_EXCEPTION_MEMORY] Insufficient memory to carry out an operation on root/images/photos/01_101.jpg, an approximate 27143424 bytes required, 14155776 bytes available. (Not all available memory can be consumed in order to ensure safe operations.)

Дар бораи Осоишгоҳ

Осоишгоҳи истироҳатии "СУБҲИ РАШТ" дар ноҳияи Рашт бо тамоми шароит, аз қабили хонаҳои хоб, ошхона, ҳаммом, ҷойи дастурушӯӣ ва дигар шароитҳои маишӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Ҳамчунин, дар ин Осоишгоҳ ҳавзи шиноварӣ бо тарҳ ва ороиши замонавӣ сохта шудааст, ки истироҳаткунандагон метавонанд аз он пурсамар истифода баранд.

Инчунин, ошхонаи он дорои 140 ҷойи нишаст буда, дар он таъомҳои лазиз ва парҳезӣ омода гардида, пешкаши истироҳаткунандагон мегардад.

Осоишгоҳ дар як мавзеъи зебо ва хушбоду ҳавои ноҳияи Рашт бунёд карда шуда, аз 17 бино иборат мебошад ва макони хуби истироҳату тавонбахшӣ барои хоҳишмандон хоҳад буд.

Қобили қайд аст, ки дар Осоишгоҳ ҳамчунин Дармонгоҳи тиббӣ мавҷуд аст, ки бо тамоми шароити табобатӣ ва доруворӣ таъмин буда, табобатгирандагон аз ҷониби табибони баландихтисос муоина ва муолиҷа карда мешаванд.

Дар биноҳои алоҳидаи Осоишгоҳ шароити мусоиди истироҳат фароҳам буда, барои калонсолону кӯдакон ҳуҷраҳои махсус бунëд карда шудааст. Осоишгоҳ дорои майдони хурди футбол, волейбол ва майдончаи бозии кӯдакона мебошад.

Барои дармонбахшию истироҳати хоҳишмандон биноҳои Осоишгоҳ ва Дармонгоҳ бо навтарин таҷҳизот таъмин карда шуда, имкон аст, ки дар як вақт то 60 нафар ба истироҳату тавонбахшӣ фаро гирифта шаванд.

Чунин шароити мусоид имкон медиҳад, ки хоҳишмандон бо аҳли оилаашон дар ин Осоишгоҳ ба фароғату истироҳати ҳамаҷониба фаро гирифта шаванд.


president
Эмомалӣ РаҳмонТоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Омори сомона

405027
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
157
405
1129
401732
9740
14449
405027