Дидори сарбоз. Волидайни аскарон аз қисмҳои ҳарбии минтақаи Рашт дидан мекунанд
Имрӯз беш аз 20 нафар волидайни сарбозон ҷиҳати дидорбинии фарзандонашон ба қисмҳои ҳарбии минтақаи Рашт сафар намуданд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, мақсад аз он тарбияи ватандӯстӣ, ҳамоҳангии волидайн бо қисмҳои ҳарбӣ ва ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба хизмати Модар — Ватан мебошад.
Тавре корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дидорбинии волидайн таҳти унвони «Дидори сарбоз» дар доираи «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2022» роҳандозӣ шуда, падару модарони сарбозон метавонанд аз аҳвол ва шароити зиндагии фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбӣ огоҳ шаванд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки иқдоми мазкур моҳи декабри соли равон дар қисмҳои ҳарбии минтақаи Кӯлоб ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад.
Ёдовар мешавем, ки «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2022» моҳи феврали соли равон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расида, мақсад аз он фароҳам овардани имконоти муассир ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад.