×

Ошибка

[SIGPLUS_EXCEPTION_MEMORY] Insufficient memory to carry out an operation on root/images/photos/01_101.jpg, an approximate 27143424 bytes required, 14417920 bytes available. (Not all available memory can be consumed in order to ensure safe operations.)

Дар як рӯзи даъват 130 нафар ҷавонони Рашт ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд

01

Маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» бо шукӯҳу шаҳомати хос сурат гирифт. Дар майдони комиссариати ҳарбии ноҳия 130 нафар даъватшавандагон ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд.

Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Набизода дар ин маъракаи пуршукӯҳ изҳор дошт, ки «ҷавонони ноҳия дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлатамонро ба хубӣ дарк намуда, сиёсати хирадмандонаю созандаашонро дастгирӣ менамоянд. Ҳаёти сарбозии имрӯза аз замонҳои пеш ба куллӣ фарқ мекунад. Имрӯз ҷавонони мо дар қисмҳои низомии мамлакат танҳо ба хотири ҳимояи марзу бум, бақои давлати миллӣ ва пойдории ваҳдату истиқлолияти давлатӣ хизмат мекунанд.

Дар он ҷо ҳама чун фарзандони як модаранд. Дар қисмҳои низомӣ шароити моддию маънавӣ барои сарбозон муҳайёст. Ҷавонони мо набояд фаромӯш кунанд, ки дар кадом қисми низомие, ки хизмат адо менамоянд, бояд дӯстдори ватану сарзамини биҳиштосои худ бошанд. Ба ҳар яки онҳо андарзи падарона медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, худшиносу худогоҳ бошанд ва фирефтаи суханҳои нохалафон нашаванд. Зеро танҳо андешаи солим, дӯст доштани ватану миллат ва ҳар зарра хоки Тоҷикистон ҷавононро ба манзили мақсуд мерасонад».

02

Дар ҳамоиши мазкур ба 65 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, аз ҷониби раиси ноҳияи Рашт шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин намуд.


president
Эмомалӣ РаҳмонТоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Омори сомона

410631
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
244
225
244
408063
2834
12510
410631