×

Ошибка

[SIGPLUS_EXCEPTION_MEMORY] Insufficient memory to carry out an operation on root/images/photos/01_101.jpg, an approximate 27143424 bytes required, 25952256 bytes available. (Not all available memory can be consumed in order to ensure safe operations.)

РАСО БИСТ СОЛ ҚАБЛ НОҲИЯИ ҒАРМ БА НОҲИЯИ РАШТ ТАБДИЛИ НОМ КАРД. Дар бораи сабабҳои ин рӯйдод, маънии ин вожа, чуғрофия ва ҳайати аҳолии ин ноҳия

РаштСолҳои охир бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, эҳёи номҳои чуғрофӣ ва таърихию бостонии маҳалҳои аҳолинишини кишварамон бисёр шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот номи худро дигар карданд.

Аз ҷумла собиқ ноҳияи Ғарм, яке аз калонтарин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,ки соли 1931 таъсис ёфта буд, расо 20 сол қабл аз ин, моҳи апрели соли 2021 бар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рашт табдили ном кард.

Водии Рашт ба маънои таърихӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави собиқ шоҳигарии Қаротегин (дар замонҳои қадим — Рашт) мебошад, ки пас аз ҳамроҳ намудан ба аморати Бухоро дар ибтидои солҳои 70-уми асри XIX ба бекигарии Қаротегин табдил дода шуда, то соли 1920 дар ҳайати аморат буд. Дар даврони Шӯравӣ бошад то соли 1956 ҳамчун воҳиди маъмурӣ-сиёсии вилояти Ғарм амал намуда, имрӯз қаламрави он чанд ноҳияи тобеи марказро дар бар мегирад.

Ин минтақаи кӯҳистон яке аз масканҳои қадимии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Рашт, ки дар водии дарёҳои Оби Хингоб, Сурхоб ва Вахш ҷойгир аст, хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва табии худро дорад.

Роҷеъ ба таърихи қадим ва асрмиёнагии мулкҳои дар гузашта мустақилу ниммустақили кӯҳистони Бухорои шарқӣ ва Помир маълумот ниҳоят пароканда буда, имкон намедиҳад то қисмати таърихии он сохта шавад.

Яке аз масъалаҳои муҳими водии Рашт ин ҷуғрофияи таърихии он мебошад, ки ҳам муҳаққиқони пешазинқилобӣ ва ҳам Шӯравӣ, ба ғайр аз баъзе ихтилофоти ҷузъӣ, дар маҷмӯъ дар бораи мавқеи ҷуғрофии он тасвири хеле возеҳе медиҳанд. Масалан, муаррих ва сайёҳи бухороӣ Муҳаммад Гулшанӣ қайд менамояд, ки дарозии Қаротегин аз сарҳади Боми Ҷаҳон (Помир) то Оби Гарм 32 фарсах (224 км), паҳноӣ 10 фарсах (70 км), дар маҷмӯъ 15680 кв2 км. мебошад.[1] Муҳаққиқи Шӯравӣ Н. А. Кисляков бошад менависад, ки дарозии Қаротегин аз ғарб ба шарқ тақрибан 200 км, паҳноӣ аз шимол ба ҷануб тақрибан 50 км ва масоҳати умумии он 10 000 кв км2 мебошад.[2] Барои муқоиса, афсари рус Василев рақамеро ба ин наздик оварда нишон медиҳад, ки 4/5 ҳиссаи ин минтақаро кӯҳҳо, боқимондаро водии дарёи Сурхоб ва шохобҳои он ташкил медиҳанд. Таърихнигори тоҷик А.Маҷлисов масоҳати умумии водиро 10456, 6 км.кв. нишон додааст.[3]Муҳаққиқи тоҷик Ғ. Наврӯзов дар монографияи худ иброз медорад, ки маълумоти М.Гулшанӣ ва А.Маҷлисов дурусттар аст, зеро тибқи стандартҳои муосир, дарозии водӣ хеле зиёдтар аст.[4]

Зеро ҳудуди водии мазкур бо қаторкӯҳи Зарафшон дар шимол, бо қаторкӯҳи Олой дар ҷануб бо Балҷувон ва дар ғарб бо водии Ҳисор ҳамсарҳад мебошад.

Хулосаи Ғ. Наврузовро ба инобат гирифта зарур аст, нишон дод, ки Муҳаммад Сиддиқхоҷаи Гулшанӣ ҳудуди ин водиро мухтасар ба тариқи зайл тахмин намудааст: «Ҳудуди арбааи он шарқан кўҳи Помир, шимолан водии Зарафшон, ғарбан кўҳистони Чағониён, ҷанубан Чилдараи тобеъи Дарвоз аст. Арозӣ (паҳноӣ)-и он тамоман бисту як ҳазору панҷсаду сию панҷ (21 535) мил (қадам, газ)-и мураббаъ заминро дорост. Аз ин ҳисоб маълум мегарад, ки масоҳати умумии ин водӣ 86 140 милро ташкил дода, дар муқоисаи мураббаъи мил бо метр нишондоди Гулшанӣ аз нишондоди Кисляков ду маротиба бартарӣ дорад.[5] Пас, дақиқ муайян намудани масоҳати ин водӣ, ки тобеияти ҳудудии ноҳияҳои он то кунун тағйир наёфтааст, аз рўйи ҳисоби имрўза имконпазир мебошад.

Сарзамини Қаротегин дар номгузории қадима пеш аз ҳама ба ҷойгиршавии мавқеи ҷуғрофияш алоқамандии зич доштааст. Мувофиқи иттилооти таърихшиносон водии Қаротегин қабл аз истилои муғул номи «Рашт» (Раштонзамин)-ро дошт, ки аз асли ин калима “рашт”, “рошт” мафҳумҳои сурх, сурхина бармеоянд, ки калимаи қадимаи тоҷикӣ буда, дар талафузи тоҷикони помирӣ (махсусан дар забони шуғнониҳо ва рушониҳо ҳоло ҳам калимаи сурх – рошт, рашт мебошад). Яъне ҳамон водие, ки бо дарёи Сурхоб машҳур аст. Аз болооби Сурхоб шоха гирифтани ин дарё бо номи туркии «Қизил-су» низ ҳаммаънои «оби сурх» аст. Яъне водие ҳаёт ёфта аз Сурхоб. Дар воқеъ мавқеи ҷуғрофии водии Рашт аслан дар ду ҷониби дарёи Сурхоб қарор гирифта мебошад, ки минтақаи сабзу хуррам, сероб ва пурчашмасор буда, бо исми Рашт машҳур будааст. Мафҳуми Рашту Қаротегин дар сарчашма ва фарҳангҳои зиёд аз нукоти назар ва ҳикояву ривоятҳои бешумор бо тағйири эъробҳо (садонокҳо) талаффуз ёфта, мафҳумҳои гуногун иброз шудааст. Масалан, муҳаққиқи рус Н. А. Маев сари ҷуғрофияи Қаротегин баҳс карда менависад, ки дар асарҳои сайёҳону ҷуғрофидонҳои бостону асрмиёнагӣ мафҳумҳои “Раст” ва “Кумед” нисбати қаламрави Қаротегини имрӯза истифода шудааст.[6]

Дар асарҳои ҷугрофидонҳои асрмиёнагӣ, аз қабили Ибни Хурдодбеҳ, Ибни Руст, Истахрӣ ва асари муаллифаш гумноми “Ҳудуд-ул-олам” номи водии мазкур бо забони бошандагони он тоҷикон ҳамчун Рашт зикр шудааст.[7]

Арандаренко оид ба зуҳури мафҳуми Қаротегин фикри ҷолиб пешниҳод намуда, менависад, ки дар ин водӣ растаниии бутагӣ мерӯяд, ки турку қирғизҳои дар ин ҷо кӯчманчигӣ карда онро “Каротиган” ва тоҷикон бошад онро “хори сиёҳ” меноманд.[8] Гӯё маҳз аз ҳамин ҷо номи водӣ дар забони қирғизҳои омада Қаротегин шуд.

Аммо номи аслии водии мазкур Рашт буда, тоҷикон дар ин минтақа аз замонҳои басо дур умр ба сар мебаранд. Азбаски русҳо, вақте ба забт намудани Осиёи Миёна омаданд ва бо худ тоторҳоро ҳамчун тарҷумон оварданд, ҳамин тавр аксарияти номҳои ҷуғрофии минтақа бо забонҳои туркӣ сабт гардиданд. Масалан, муҳаққиқ А. Ф. Миддендорф менависад, ки тоторҳои Қазон ва Уфа, ки ҳамчун тарҷумон фаъолият мекарданд, ба корҳои андозҷамъкунӣ ва идораи маъмурии волостҳо ҷалб гардида, дар афзудани мавқеи забони туркӣ таъсир доштанд.[9] Ҳамин тавр, як қатор минтақаҳои тоҷикнишин низ дар харитаҳои географию сиёсӣ бо мафҳумҳои туркӣ сабт гардиданд.

Ҳар чи ҳам бошад мо аз навиштаҷотҳои арабизабону арабихат  дарёфта метавонем, ки водии мазкур дар тӯли таърихи худ бо номи  Рашт маълум мебошад. Мувофиқи хулосаи муҳаққиқони машҳури таърихи халқи тоҷик академикҳо В.В. Бартолд ва Б.Ғ. Ғафуров низ   водии Қаротегин дар арафаи ҳуҷуми арабҳо мулки мустақил ва бо номи Рашт маълум будааст.

Ҳамин тавр, водии Қаротегин яке аз қисмҳои асосии тоҷикнишин  мебошад, ки мардум дар он аз давраҳои хеле қадим маскан гирифта буданд. Аммо аз сабаби хеле кам будани маълумотҳои хаттӣ дар бораи таърихи қадимаш   маълумоти зиёд мавҷуд нест.  Масъалаи мазбурро  боз ин чиз мушкил мегардонад, ки бостоншиносони тоҷик дар ин сарзамин ҳоло ба таври бояду шояд   ҷустуҷуҳои археологӣ  нагузаронидаанд.[10]

Аммо муҳаққиқи машҳури тоинқилобии Россия В. В. Григорев, ки оид ба қавмҳои бостонии эронӣ таҳқиқоти назаррасеро анҷом додааст,  навиштааст, ки дар замони юриши Мақдуниён ба Осиёи Миёна дар Қаротегину Олой қабилаҳои ориёии сакоиҳо зиндагӣ мекарданд, ки яке аз аҷдодони бевоситаи тоҷикон ба шумор мераванд.[11]

Муҳаққиқи тоҷик О. Маҷлисов дар Қаротегин аз забони мардум ривоятҳоеро шунида, ҷамъоварӣ намудааст, ки тибқи онҳо дар давраҳои басо дур дар минтақаи мазкур “оташпарастон” — гузаштагони сокинони Ванҷ, Язғулом ва Помир маскун гардидаанд, ки баъдтар дар болооби минтақа онҳо аз ҷониби қирғизҳои омада танг карда шуданд. Ӯ фикри худро идома дода менависад, ки муғҳои зардуштӣ дар водии Қаротегин як қатор қалъаҳоро сохтаанд, ки харобаҳои онҳо айни замон низ дар ҳар ҷо боқӣ мондааст, ки Ҳисорак яке аз онҳо мебошад. [12]

Албатта ин ривоят аст, вале дар ҳар ривояти қадимӣ ҳақиқати таърихӣ низ ниҳон аст. Яъне аз як тараф муайян мегардад, ки минтақа аз замонҳои хеле дур дорои аҳолии худ буда, онҳо дини зардуштиро пайравӣ мекарданд.   Маълум мешавад, ки дар минтақаи мазкур аз замонҳои хеле қадим аҷдодони тоҷик зиндагӣ мекардаанд, ки дини онҳо зардуштӣ будааст.

Дар асрҳои баъдина Қаротегин – Ғарм ва ҳоло  Рашт дар итоати давлатҳои гуногуни Осиёи Миёна буда, баъзан ин итоаткорӣ ба таври номиналӣ ба ҳисоб мерафт. Шоҳони сарзамин ба давлатҳои мавҷуда итоаткории худро фақат дар додани туҳфаҳо медиданду халос.[13] Масалан, соли 1821 фиристодаи Россия ба хонигарии Қӯқанд Филипп Назаров хабар медиҳад, ки дар баробари мо ва сафирони Бухорою дигар мамолик дар назди дарбори хони Қӯқанд сафирони шоҳигарии Қаротегин меистоданд, ки навбат гирифта, интизори пазироии онҳо аз ҷониби хон буданд.[14] Ин маълумот аз он шаҳодат медиҳад, ки Рашт як минтақаи мустақил будааст, ки онро шоҳ идора мекардааст.

Аз нимаи дуввуми асри XVIII дар сарзамини Осиёи Миёна давлати ягона набуд ва ин ҷо ба се давлати мустақили нисбатан калон тақсим шуда буд. Яке аз онҳо хонигарии Қуқанд мебошад, ки он дар шимол ба водии Қаротегин ҳамсарҳад буда, дар ибтидои асри XIX хеле пурқувват гашт. Аз ин ҷост, ки байни Қуқанду Бухоро доимо барои афзалиятнокӣ ва ба даст даровардани мулкҳо мубориза мерафт ва таъсири ин кашмакашиҳо ба Қаротегин доимо расида меистод. Ноҳияро гоҳ хонҳои Қуқанд, гоҳ амирони Бухоро забт менамуданд. Чунин ҳол то солҳои 70-уми асри XIX давом карда омад.

Вақте ки соли 1876 хонигарии Қуқанд аз тарафи Россия забт карда ва ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон  шомил карда шуд, сарнавишти халқи Қаротегин ба ҳодисаҳои аморати Бухоро пайваст ва аз ҳамон сол сар карда, ин мулк ба худ номи бекигарии Қаротегинро гирифт.

Ба аморати Бухоро пайвастани Қаротегин ба ҳодисаҳои забткориҳои Россия дар Осиёи Миёна вобаста аст. Амирони Бухоро баъди аз даст додани як қисми мулкҳои худ ба забт намудани мулкҳои тоҷикнишини шарқии Осиёи Миёна сар мекунанд. Ҳукумати подшоҳии рус бо ин амалиёти онҳо эътибор надода хомӯш меистад ва аз ин амири Бухоро шердил гашта, барои тобеъ намудани сарзаминҳои мустақили куҳистон бе хавфу хатар ҳаракат мекунад. Ба қатори мулкҳои куҳистон водӣ, аниқтараш  бекигарии Қаротегин ҳам дохил мегардид.

Баъд аз Худойназар дар бекигарии Қаротегин ҳокимони дигар таъин шуданд, ки аксарияташон аз қабилаи манғитӣ буданд.

Дар баробари ин дар сарзамини мазкур зулму истисмор шиддат ёфт. Ба сари оммаи меҳнаткаш намудҳои нав ба нави андоз, маҷбуриятҳои гуногуни феодалӣ бор карда мешуданд. Ҳамаи ин ба норозигӣ ва ошубҳои халқӣ оварда мерасонид. Ин ҳаракатҳои халқӣ бо бераҳмии зиёде пахш карда мешуданд.

Бекигарии Қаротегин агарчӣ бевосита ба Россия ҳамроҳ карда нашуда бошад ҳам, аммо таъсири сохти иҷтимоӣ ва фарҳангии он ба сарзамини мазкур низ аз худ нақше гузошта буд. Пеш аз ҳама дар Қаротегин муносибатҳои пуливу молӣ сар дароварда буданд. Ба ғайр аз ин ба омӯзиши гузаштаи ин мулк барои тадқиқотчиён, пеш аз ҳама   олимони рус шароит муҳайё гашта буд. Дар ин давра дар Бухорои шарқӣ, аз ҷумла Қаротегин, як зумра сайёҳону олимон, намояндагони хукумати кишвари Туркистон омада, соҳаҳои гуногуни ин ҷойро меомӯхтанд ва асарҳо менавиштанд.

и Аҳолии Қаротегин дар ин солҳои пурталотуми ҳаёти водӣ пастию баландиҳои зиёдеро мушоҳада намудааст. Гулшанӣ нишондоди саршумори аҳолии Қаротегинро зикр карда навиштааст, ки тамоми аҳолии турку тоҷики он (ишора ба сокинони қирғизу тоҷики Қаротегин) куллияи саканаи иёлати Қалъаи Ғарм ва Қаротегин миқдори як лаку (як лак-сад ҳазор) панҷоҳ ҳазор хонавор  ва дорои ним милюн нуфус аст.[15]

Мутобиқи нишондоди Г. А. Арандаренко дар соли 1877 аз рўйи шумори 400 деҳа ва маҳаллаҳои хурду бузурги водӣ, бо шумори умумии 36 672 хонавода аҳолии онро низ тахмин нишон додааст.[16] Тибқи ахбори ӯ дар худи маркази Қаротегин  — Ғарм 340 ҳавлӣ будааст. Аҳолиро тоҷикон ташкил намуда, танҳо дар болооби водӣ қирғизҳо   5 ҳазор хайма ва ҳаёти кӯчманчигӣ доштаанд. Дар асари дигари худ муҳаққиқи мазкур менависад, ки дар Қаротегин 512 деҳа дорои 10 740 хонавода, дар умум 60 000 ҳар ду ҷинс аҳолӣ сукунат доранд.[17]

Чуноне ки аён аст, аз давраи Нав сар карда қирғизҳои кӯчӣ ба ҳудудҳои Рашт сар дароварда, ҳаёти кӯчманчигиро аз сар мегузаронданд. Ҳамин тавр, баробари тоҷикон дар Лахш қирғизҳо низ маскун шуда, айни замон низ зиндагӣ менамоянд.

Дар ин ҷо зарур мешуморем, ки оид ба ватани таърихии қирғизҳо ва сарнавишти ворид шудани онҳо ба водии Рашт  кафе тафсилот  диҳем.

Тибқи маъхазҳои таърихӣ ва ахбори худи қирғизҳо дар давраи асримиёнагӣ дар назди дарёи Енисей дар Сибир давлати қирғизҳо буд, ки дар ҳавзаи Минусинск тақрибан дар асри VII милодӣ ташкил шуда буд. Давлати бодиянишини қирғизҳоро як пешвои ҳарбӣ — ҳоқон сарварӣ намуда, ба ашрофон-ҳарбиён такя мекард.

Қирғизҳо тарзи ҳаёти нимкӯчманчигиро пеш бурда, бо чорводорӣ ва зироаткории обӣ машғул буданд. Зарурати ташкили системаи каналҳои обёрӣ яке аз сабабҳои асосии муттаҳид шудани қабилаҳои пароканда ба давлати қавӣ буд. Қирғизҳо коркарди оҳан ва биринҷиро ба сатҳи баланд бардошта, дар  бозори байналмилалӣ дар шимол савдои мӯйина ва канданиҳои фоиданокро ба роҳ монданд, ки онро ҳамчун муодили асосии мубодила бо тиҷорат бо Чин истифода бурда, аз он ҷо абрешим харид мекарданд.

Аммо оҳиста-оҳиста ихтилофҳо дар доираи элитаи ҳукмрони қирғизҳо пайдо шудан гирифт, ки ин ба суст шудани давлат оварда расонд ва аллакай дар ибтидои асри XIII қирғизҳоро муғулҳо  танг карданд. Аз он вақт инҷониб, онҳо дигар дар сиёсати байналмилалии Осиё нақши мустақил надоштанд, аммо дар ҳавзаи Минусинск, канори Красноярск ва дигар қаламравҳои шимолӣ қирғизҳо пурқудраттарин нерӯ буданд ва баъдан ба казакҳои рус муқовимати ҷиддӣ нишон доданд.

Манбаъҳои асримиёнагии чинӣ, арабӣ-форсӣ ва туркӣ низ дар бораи мардуме бо номи «қирғиз» навиштаанд, ки тахминан дар водии дарёи Енисей зиндагӣ мекарданд.

Муҳаққиқони забардасти таърихи қавми турктабор В. В. Радлов, В.В.Бартолд ва А.Н.Бернштам ва О. К. Караев ба ин назар буданд, ки раванди кӯчиши қирғизҳо ба Тённшон аз чанд марҳила иборат буда, он дар асрҳои XV – XVI ба анҷом расидааст. Аз ин муайян мегардад, ки ба водии Қаротегин  қирғизҳо дертар ворид шудаанд[18].

В. В. Бартолд, дар асоси маъхазҳои таърихӣ ватани таърихии қирғизҳоро болооби Енисей муайян кардааст.[19] Инчунин ӯ хабар медиҳад, ки тирамоҳи соли 1703 ба русҳо хабар расид, ки дар натиҷаи тохтутози қалмиқҳо қирғизҳо аз ватани худ берун баромаданд ва айни замон ягон қирғиз дар он ҷо намондааст, аммо тибқи дигар манбаъҳо як қисми онҳо бозпас гаштаанд.[20]

Масалан, солҳои 1910 – 1912 муҳаққиқи рус М. И. Чейкин дар Помири Шарқӣ сайёҳат намуда, оид ба этнографияи қирғизҳои Помир маълумот ҷамоварӣ намудааст. Ӯ аз худи қирғизҳои Помир маълумот ба даст оварда менависад, ки тибқи ривояти онҳо мавқеашон тақрибан дар асри XVIII аз ҷониби қалмиқҳо танг карда шуда, қисме аз онҳо ба Помир кӯч бастанд.[21] Дар «Таърихи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» бошад қайд карда шудааст, ки маълумот оид ба қирғизҳои Помири Шарқӣ танҳо дар асри XVII паҳн гардидааст.[22]

Муҳаққиқи тоҷик, профессор О. Маҷлисов, ки яке аз нахустин шуда, оид ба таърихи водии Рашт таҳқиқот анҷом дода буд, низ менависад, ки қирғизҳо бори нахуст ба Тиёншон дар асри XVI омада буданд. Ӯ дар байни қирғизҳои Қаротегин маълумоти шифоҳӣ ҷамъоварӣ намудааст, ки тибқи он худи қирғизҳо иброз доштаанд, ки ба ин минтақа аҷдодони онҳо асрҳои XVII – XVIII кӯч бастаанд.[23] Масалан, муҳаққиқ иброз менамояд, ки П. П. Иванов ном шахс ба ӯ маълумот додааст, ки онро соли 1927 миёни қирғизҳо дар Бишкек шунидааст. Тибқи гуфтаҳои ӯ низ муайян мегардад, ки қирғизҳо аз ҷабри қалмиқҳо ба Қаротегин кӯч бастаанд. Муҳоҷирати қирғизҳо ба ин минтақа дар ду давра сурат гирифтааст.

Ҳамин тавр, дар мақолаи мазкур ба таври мухтасар оид ба ҷуғрофия, ҳудуд ва ҳайати этникии водии Рашт баррасӣ гардина, муайян карда шуд, ки ин минтақа аз замонҳои қадим маскани тоҷикон буда, намояндагони қавми қирғиз ба Рашт ва Помир танҳо дар ҳудуди асрҳои XVII – XVIII кӯч бастаанд. Имрӯз бо шарофати истиқлоли давлатӣ мафҳум ва топоними Рашт низ аз нав эҳё гардида дубора боз барои ифодаёбии қаламрави таърихии муайян мавриди истифода қабул гардид.

Шарафҷон САДИРОВ,

муаллими калони кафедраи

таърих ва методикаи таълими

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

НОМГӮИ МАЪХАЗҲО ВА АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Арандаренко Г. А. Каратегин (По распросным сведениям) // Военный сборник. 1877. С. 117 – 136

2. Арандаренко Г. А. Досуги в Туркестане. 1874 – 1889. СПб., 1889. 465 с.

3. Бернштам А. Н. Новые работы по тохарской проблеме // Вестник древней истории. 1947. № 2. С. 134 – 138.

4. Бартольд В. В. С. Тюрки. Двенадцать лекций по истории турецких народов Средней Азии. – Алматы, 1998. 192 с.

5. Бартольд В. В. Киргизы. Исторический очерк // Сочинения. – Т. II. – Часть 1. – М., 1963. – С. 473 – 543.

6. Васильев, капитан. Краткое статистическое описание Каратегина // Сборник географических, топографических и статистических материалов по Азии». – Т. XXXIII. – СПб., 1888. – С. 8-53.

7. История Горно-Бадахшанской автономной области – Т. I. С древнейших времен до новейшего периода. – Душанбе, 2005.

8. Кисляков Н. А. Очерки по истории Каратегина. — Изд. 2-е, доп. – Сталинабад, 1954. 256 с.

9. Маджлисов А. Каратегин накануне установления Советской власти. – Сталинабад, 1959. – С. 4.

10. Маджлисов А. Очерки по истории Каратегина. Сталинабад, 1954. 224 с.

11. Маев Н. А. Географический очерк Гиссарского края и Кулябского бекства // Известия Русского географического обҳества. № Вҷпуск 4. СПб., 1876. С. 208.

12. Миддендорф А. Ф. Очерки Ферганской долины. – СПб., 1882. 520 с.

13. Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ. Таърихи Ҳумоюн. Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷурабек Назриев. – Душанбе, 2006. 168 с.

14. Наврузов Г. История образования и развития Гармской области Таджикской ССР (1921 – 1956 гг.). – Душанбе, 2017. 182 с.

15. Назаров Ф. Записки о некоторых народах и землях Средней части Азии Филиппа Назарова, отдельного Сибирского корпуса переводчика, посыланного в Коканте в 1813 и 1814 годах. – СПб., 1821. 98 с.

16. Чейкин М. И. Географический очерк Восточного Памира // Известия Туркестанского Отдела Русского Географического Общества. – Т. X. – Выпуск I. – Ташкент, 1914. – С. 163 – 185.

ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ҶУҒРОФИЯИ ТАЪРИХӢ ВА СОКИНОНИ ВОДИИ РАШТ ДАР ДАВРАИ ТОИНҚИЛОБӢ

Дар мақола мухтасаран оид ба ҷуғрофия ва ҳайати аҳолии водии Рашт маълумот оварда шудааст. Муаллифи мақолаи мазкур ба таври мухтасар масъалаҳои ҷуғрофия ва ҳайати этникии водии Раштро баррасӣ карда ба хулоса меояд, ки ин минтақа аз замонҳои қадим маскани тоҷикон буда, намояндагони қавми қирғиз ба Рашт ва Помир танҳо дар ҳудуди асрҳои XVII – XVIII кӯч бастаанд. Имрӯз бо шарофати истиқлоли давлатӣ топоними Рашт низ аз нав эҳё гардида дубора боз барои ифодаёбии қаламрави таърихии муайян мавриди истифода қабул гардид.

Калидвожаҳо: Қаротегин, Рашт, водӣ, тоҷикон, қирғизҳо, аҳолӣ, ҷуғрофия, таркиби этникӣ.

К ВОПРОСАМ  ИСТОРИЧЕСКОЙ ГЕОГРАФИИ И НАСЕЛЕНИЯ РАШТСКОЙ ДОЛИНЫ В ДОРЕВОЛЮЦИОННЫЙ ПЕРИОД

В этой статье дается краткий обзор географии и населения Раштской долины. Автор кратко рассматривает географию и этнический состав Раштской долины и делает вывод, что этот регион издавна был место проживания таджиков, а киргизы переселились в Рашт и Памир только в XVII-XVIII вв. Сегодня, благодаря государственной независимости, топоним Рашт возрожден и снова используется для обозначения определенной исторической территории.

Ключевые слова: Каратегин, Рашт, долина, таджики, киргизы, население, география, этнический состав.

ON THE ISSUES OF HISTORICAL GEOGRAPHY AND POPULATION OF THE RASHT VALLEY IN THE PRE-REVOLUTIONARY PERIOD

This article provides a brief overview of the geography and population of the Rasht Valley. The author briefly examines the geography and ethnic composition of the Rasht valley and concludes that this region has long been a place of residence for Tajiks, and the Kyrgyz moved to Rasht and Pamir only in the 17th-18th centuries. Today, thanks to state independence, the toponym Rasht has been revived and is again used to designate a certain historical territory.

Key words: Karategin, Rasht, valley, Tajiks, Kyrgyz, population, geography, ethnic composition.

Поварақҳо

1. Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ. Таърихи Ҳумоюн. Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷурабек Назриев. – Душанбе, 2006. 168 с.

2. Кисляков Н. А. Очерки по истории Каратегина. — Изд. 2-е, доп.  – Сталинабад, 1954.  256 с.

3. Наврӯзов Г. История образования и развития Гармской области Таджикской ССР (1921 – 1956 гг.). – Душанбе, 2017. 182 с.

4. Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ. Таърихи Ҳумоюн. Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷурабек Назриев. – Душанбе, 2006. 168 с.

5. Кисляков Н. А. Очерки по истории Каратегина. — Изд. 2-е, доп.  – Сталинабад, 1954.  6 с.

6. Маев Н. А. Географический очерк Гиссарского края и Кулябского бекства // Известия Русского географического обҳества. № 12. Вҷпуск 4. СПб., 1876. С. 208.

7. Маджлисов А. Очерки по истории Каратегина. Сталинабад, 1954. С 20-21.

8. Арандаренко Г. А. Каратегин (По распросным сведениям) // Военный сборник. 1877. С.126

9. Миддендорф А. Ф. Очерки Ферганской долины. – СПб., 1882. С 403.

10. Кисляков Н. А. Очерки по истории Каратегина. — Изд. 2-е, доп.  – Сталинабад, 1954. С 33-39.

11. Бернштам А. Н. Новые работы по тохарской проблеме // Вестник древней истории. 1947. № 2.  С. 134 – 138.

12. Маджлисов А. Очерки по истории Каратегина. Сталинабад, 1954. С 41- 42.

13. Кисляков Н. А. Очерки по истории Каратегина. — Изд. 2-е, доп.  – Сталинабад, 1954.  С.14-42.

14. Назаров Ф. Записки о некоторых народах и землях Средней части Азии Филиппа Назарова, отдельного Сибирского корпуса переводчика, посыланного в Коканте в 1813 и 1814 годах. – СПб., С.54.

15. Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ. Таърихи Ҳумоюн. Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷурабек Назриев. – Душанбе, 2006. 168 с.

16. Арандаренко Г. А. Каратегин (По распросным сведениям) // Военный сборник. 1877. С. 135.

17. Арандаренко Г. А. Досуги в Туркестане. 1874 – 1889. СПб., 1889. С.458.

18. Бартольд В. В. Киргизы. Исторический очерк // Сочинения. – Т. II. – Часть 1. – М., 1963. С. 473 – 547.

19. Бартольд В. В. С. Тюрки. Двенадцать лекций по истории турецких народов Средней Азии. – Алматы, 1998. С.24.

20. Бартольд В. В. Киргизы. Исторический очерк // Сочинения. – Т. II. – Часть 1. – М., 1963. – С. 524 .

21. Чейкин М. И. Географический очерк Восточного Памира // Известия Туркестанского Отдела Русского Географического Общества. – Т. X. – Выпуск I. – Ташкент, 1914. – С. 138.

22. История Горно-Бадахшанской автономной области – Т. I. С древнейших времен до новейшего периода. – Душанбе, 2005 С.277.

23. Маджлисов А. Очерки по истории Каратегина. Сталинабад, 1954. с. 35-36.

Бознашр аз /АМИТ «Ховар»/


president
Эмомалӣ РаҳмонТоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Омори сомона

310160
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
147
184
798
306567
7219
9607
310160