Дидори сарбоз. Волидайни аскарон аз қисмҳои ҳарбии минтақаи Рашт дидан мекунанд

didori sarboz volidajni askaron az ismoi arbii mintaai rasht didan mekunand 1

Имрӯз  беш аз 20 нафар волидайни сарбозон ҷиҳати дидорбинии фарзандонашон ба қисмҳои ҳарбии минтақаи Рашт сафар намуданд. Иқдоми мазкур бо  ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе   роҳандозӣ шуда, мақсад аз он  тарбияи ватандӯстӣ, ҳамоҳангии волидайн бо қисмҳои ҳарбӣ ва  ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба хизмати Модар — Ватан мебошад.

Тавре корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дидорбинии волидайн таҳти унвони «Дидори сарбоз»  дар доираи «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2022» роҳандозӣ шуда, падару модарони сарбозон  метавонанд аз аҳвол ва шароити зиндагии фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбӣ огоҳ шаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки  иқдоми мазкур моҳи декабри соли равон дар қисмҳои ҳарбии минтақаи Кӯлоб ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад.

Ёдовар мешавем, ки «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2022» моҳи феврали соли равон  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расида, мақсад аз он  фароҳам овардани имконоти муассир ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад.


president
Эмомалӣ РаҳмонТоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Омори сомона

263185
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
483
125
901
261316
4266
4984
263185