Дар ноҳияи Рашт ба қишри осебпазир кумаки молиявӣ расонида шуд

IMG E7866

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва соҳибкорони маҳаллӣ ба зиёда аз 85 оилае, ки дорои нафарони маъюбанд, дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ кумакҳои молиявӣ расонида шуданд.

Тибқи иттилои муовини раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода, соли 2019  барои дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд як хонаи истиқоматӣ ба истифода дода шуда, сохтмони 3 хонаи дигар идома дорад. Ҳамчунин ба 50 нафар кӯдакони ятиму бепарастор либосҳои зимистона тақдим гардиданд.

Гуфта мешавад, ки давоми 11 моҳи соли равон дар ноҳия дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ ба маъюбон кумак расонида шудааст. Илова бар ин аз ҷониби масъулин ва шахсони саховатманд 20 аробачаи маъюбӣ, 20 асобағал ва 30 асо ба пирону маъюбони эҳтиёҷманд тақдим гардид.

Дастгирии қишри осебпазири ҷомеа амали савоб буда, яке аз анъанаҳои неки ниёгонамон маҳсуб мешавад. Хушбахтона, имрӯзҳо ин амали хайр дар асоси дастуру супоришҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст пайваста анҷом дода мешавад.


president
Эмомалӣ РаҳмонТоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Омори сомона

008260
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
53
69
1227
6476
1117
2267
8260